Путин ба Тиллерсон чӣ гуфт?
Баъди анҷоми мулоқоти Рекс Тиллерсон, Котиби давлатии Амрико бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дидору гуфтугӯи президент Путин бо Тиллерсон оғоз шуд.
Хабаргузориҳо аз қавли сухангӯи Кремл Дмитрий Песков мегӯянд, ки дар ин мулоқот Лавров низ иштирок дорад.
Сафари Тиллерсон нахустин сафари як узви маъмурияти Доналд Трамп ба Русия аст.
Дидору гуфтугӯи Котиби давлатии Амрико бо мақомоти Кремл дар пасманзари ташаннуҷи равобити дуҷониба ва ҳамчунин дар ҳоле ҷараён мегирад, ки Вашингтон ҳукумати Башор Асадро, ки Маскав аз он пуштибонӣ мекунад, ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ муттаҳам мекунад.
То эълони оғози мулоқот, Кремлин расман эълон накард, ки Тиллерсон дар ҷараёни ин сафар бо Путин дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ