Путин ба Ӯзбекистон меояд

Сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Ӯзбекистон миёнаҳои тирамоҳ сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба сафири Русия дар Тошканд Владимир Тюрденев иттилоъ дод.

«Сафари президент нимаҳои тирамоҳ дар назар аст. Эҳтимол дорад, моҳи октябр сурат бигирад. Вале феълан дар бораи санаи дақиқи он чизе гуфта намешавад. Ҷадвали кории раҳбарони мо ба ҳадде банд аст, ки то охирин лаҳза муайян кардани санаи дақиқи сафаре номумкин аст», — изҳор дошт сафири Русия дар Тошканд.

Русия дар ҳоли ҳозир, яке аз шарикони муҳими тиҷорӣ ва иқтисодии Ӯзбекистон аст. Феълан дар Ӯзбекистон беш аз 960 корхона бо сармояҳои Русия фаъолият доранд ва ба ҳисоби коршиносони Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон, шумори онҳо то охири сол аз ҳазор адад хоҳад гузашт. Дар Русия беш аз 560 ширкати ӯзбекӣ фаъолият мекунад.

Ӯзбекистон аз нигоҳи ҳаҷми табодули мол бо Русия дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мақоми чорум аст. Соли 2017 ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар 3,6 миллиард долларро ташкил дода, 33,9% афзоиш ёфт.

Моҳҳои январу феврали соли равон ҳаҷми табодули мол миёни Ӯзбекистону Русия 50,2% афзоиш ёфта, ба 600 миллион доллар расид. Ҳаҷми сармояҳое, ки аз Русия ба Ӯзбекистон ворид шудаанд, аз марзи 8,5 миллиард доллар гузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *