Путин бо кӣ дар кадом хусус суҳбат кард?
30-юми май Владимир Путин бо президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон телефонӣ суҳбат кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Туркия, Анқара пешниҳод намудааст, ки вохӯрии намояндагони Русия, Украина ва СММ ташкил карда шавад.
Дар Кремл илова карданд, ки раҳбари Федератсияи Русия омодагии худро барои “мусоидат ба транзити бидуни монеаи баҳрии мол дар мувофиқа бо шарикони туркӣ қайд кардааст, ки ин ба содироти ғалла аз бандарҳои Украина низ дахл дорад”.
Шуруъ аз рӯзи панҷшанбеи гузашта гуфтугуҳои телефонии Путин бо ҳамтоёни хориҷиаш ҳамарӯза идома доранд. Эстафетаро нахуствазири Италия Марио Драги ифтитоҳ намуда, аз ҷумла масъалаи амнияти озуқавории ҷаҳонро баррасӣ кард.
Рӯзи ҷумъа президент дар ҳамин мавзуъ бо садри аъзами Австрия Карл Неҳаммер ва рӯзи шанбе бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон суҳбат кард (онҳо дар бораи буҳрони ғизо ва музокироти Маскаву Киев суҳбат карданд).
Рӯзи якшанбе бошад, раҳбари Сербистон Александр Вучич ҳамсуҳбати Путин шуд ва аз ҷумла масъалаи интиқоли гази русӣ баррасӣ гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ