Путин боз қудратмантарин шахси ҷаҳон шуд
Журнали амрикоии «Форбес» рӯзи чаҳоршанбеи 14 декабр Владимир Путин, президенти Русияро ба унвони қудратмандтарин шахсияти ҷаҳон дар соли 2016 эълон кард. Ин барои соли чаҳорум аст, ки Владимир Путин дар садри ин феҳристи 74-нафара қарор мегирад.
Дар раддабандии имсолаи «Форбес», Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дувумин фарди қудратманди ҷаҳон шинохта шудааст. Ангела Меркел, нахуствазири Олмон, Си Чин Пин, президенти Чин, Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар рутбаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.
Раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин раддабандии қудратмандтарин афроди ҷаҳон аз назари нашрияи «Форбес», дар рутбаи 18-ум ва болотар аз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, қарор гирифтааст. Барак Обама дар ин раддабандии «Форбес» дар ҷои 48-ум қарор дорад, дар ҳоле ки соли гузашта нафари дувум шуда буд.
«Форбес» навиштааст, ки феҳрист шомили садҳо тан дар саросари ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ба навиштаи торнамои «Форбес», барои таҳияи феҳристи 74-нафарии қудратмандтарин афроди ҷаҳон дар соли 2016, меъёрҳое чун мизони контрол бар мардум, манбаъҳои иқтисодии таҳти назорати ҳар шахс ва дороиҳои афрод, дар назар гирифта шуда буданд.Ба ҳамин асос, Поп Франсис, аз он сабаб, ки раҳбарии беш аз як миллиард католики ҷаҳонро бар дӯш дорад ва Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ бинобар вуҷуди 20 дарсади захираҳои шинохташудаи нафт дар ин кишвар, дар феҳристи қудратмандтарин ашхоси ҷаҳон қарор гирифтаанд. Дар айни ҳол, як меъёри муҳим барои муаррифӣ шудани қудратмандтарин ашхос дар ҷаҳон, тавоноиҳои онон дар бахшҳои мухталиф будааст.»Форбес» аз ҷумла навиштааст, ки як меъёр барои муаррифии афроди қудратманди ҷаҳон, тавоноии истифода аз қудраташон будааст ва дар ин маврид ба Ким Ҷунг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ ишора кардааст. Раҳбари Кореяи Шимолӣ, ки дар раддабандии «Форбес» дар рутбаи 43 қарор дорад, контроли зиндагӣ ва марги 25 миллион танро дар ин кишвар дар даст дорад.Дар ин феҳрист номҳои Алишер Усмонов, тоҷири узбактабори Русия, Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи «Давлати исломӣ», Айман Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи «Ал-Қоида» низ ба чашм мехӯранд. Аз раҳбарони кишварҳои Шӯравии собиқ ҷуз Владимир Путин номи ҳеҷ фарде ба ин феҳрист шомил нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ