Путин дар Қасри Миллат
Владимир Путин, президенти Русия баъд аз зуҳри душанбеи 27 феврал дар раъси як ҳайати баландпоя ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, вориди Тоҷикистон шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар афроди расмӣ истиқбол карданд.
Ба иттилои Кремл, Владимир Путинро дар ин сафар генерал Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия, Сергей Донской, вазири захираҳои табиӣ ва экология, Максим Топлин, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Алексей Лихачёв, роҳбари “Росатом”, Александр Фомин, муовини вазири мудофиа ва дигар мақомоти расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.
Маросими истиқболи расмӣ аз президенти Русия дар «Қасри миллат» баргузор шуд ва ҳоло мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин идома дорад. Пас аз ин дидор, қарор аст мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар, доир шавад.Тибқи барномаи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон, дар ҷараёни ин дидор миёни Тоҷикистону Русия 7 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои кору муҳоҷират, ҳифзи муҳити зист, истифода аз энержии атомӣ, алоқаи почта, Барномаи ҳамкориҳои вазоратҳои хориҷаи ин ду кишвар дар соли 2017 ва ёддошти байниидорӣ оиди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ва варзиш, имзо хоҳанд шуд. Дар поёни мулоқотҳои сатҳи олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар назди хабарнигорон аз натоиҷи мулоқотҳо сӯҳбат мекунанд.Интизор меравад, Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмаш дар равобити дуҷониба ва ҳамкориҳо миёни Русия ва Тоҷикистон, нишони «Александр Невский» тақдим кунад. ПрезидентиРусия дар ҷараёни дидораш аз Душанбе аз пойгоҳи низомии ин кишвар, ки ба гуфтаи мақомоти Русия “омили муҳими субот ва амният дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад”, дидан хоҳад кард. Субҳи сешанбеи 28 феврал, Владимир Путин аз Душанбе озими Бишкек, пойтахти Қирғизистон хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ