Путин: Дар Қазоқистон неругоҳи ҳастаӣ сохта шавад
Ба гуфтаи вай, «шаш корхонаи муштараки Русияву Қазоқистон ба истихроҷ ва коркарди уран машғул ҳастанд». Путин гуфт, Русия пешниҳод мекунад, ки «дар Қазоқистон бо истифода аз технологияи русӣ неругоҳи ҳастаӣ сохта шавад».
Владимир Путин, президенти Русия ва президенти муваққати Қазоқистон Қосимжомарт Тоқаев баъди мулоқот дар Кремл рӯзи 3 апрел изҳороти муштарак нашр карданд. Путин дар суханрониаш аз робитаҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла «ҳамкорӣ дар бахши неруи ҳастаии сулҳомез» ёдовар шуд.
Ба гуфтаи вай, «шаш корхонаи муштараки Русияву Қазоқистон ба истихроҷ ва коркарди уран машғул ҳастанд». Путин гуфт, Русия пешниҳод мекунад, ки «дар Қазоқистон бо истифода аз технологияи русӣ неругоҳи ҳастаӣ сохта шавад».
Расонаҳо бо такя ба ноиб-вазири энержии Қазоқистон Магзум Мирзогалиев навиштанд, ки шаҳри Курчатов дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ ва шаҳраки Улкен дар вилояти Алмато барои сохтани неругоҳи ҳастаӣ интихоб гардидаанд.
Ба гуфтаи ин мансабдор, ҳанӯз иқтидор ва муҳлати сохтмон муайян нашудааст. Вале қабл аз сохтмон мавқеи сокинон «ҳатман шунида хоҳад шуд», гуфт вай.
Путин гуфт, ки мулоқоти навбатии вай бо Тоқаев 29 май дар пойтахти Қазоқистон сурат хоҳад гирифт.
Сафари Тоқаев ба Москва нахустин сафари хориҷии вай ба ҳайси президенти Қазоқистон аст. Тоқаев рӯзи 20 март президенти муваққати Қазоқистон таъйин шуд. Нурсултон Назарбоев 19 март эълон кард, ки истеъфо медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ