Путин гирифтани шаҳрвандии Русияро осон мекунад

Президенти  Русия Путин гуфтаааст, ки  гирифтани шаҳрвандии ин кишвар бояд барои сокинони давлатҳои пасошуравӣ сода карда шавад. 

Тибқи иттилои “Интерфакс” Путин ин нуктаро 2 декабр зимни баргузории маҷлиси муштараки Шӯрои президентӣ оид ба фарҳангу санъат ва Шўрои забони русӣ иброз доштааст.

Президенти Русия барои ҳукумат зарур хондааст, ки коғазбозию расмиётро ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ, махсусан барои гуруҳҳои алоҳидаи шаҳрвандони давлатҳои пасошӯравӣ, камтар кунад: «Аз ҷумла барои нафарони касбу кори эҷодӣ бояд коре кард”.

Дар баробари ин Путин таъкид кардааст, ки содагардонӣ дар ҳуҷҷатгузориҳо набояд боиси поин шудани сатҳи бехатарӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ дар Русия, чун ИМА наздики 10 миллион нафар дар ҳолати ғайриқонунӣ ва ё нимақонунӣ ба сар мебаранд: “Ин вазъ, бештар дар шаҳрҳои калон ташвиши сокинонро ба вуҷуд овардааст. Зарур аст, ки дар ин самт тартибот таъмин шавад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *