Путин худро ба об партофт
Владимир Путин президенти Русия ва тахминан 270 ҳазор сокинони Маскав бар тибқи анъанаи калисои православӣ рӯзи 19-уми январ худро ба оби ях андохтанд.
Ҳар сол рӯзи 19-уми январ масеҳиёни православӣ ба нишони ғусли таъмид се дафъа ба оби яхи дарё ва кулҳо мепаранд. Дар Маскав барои ин маросим 60 ҷой дуруст карданд.Вазорати корҳрои дохилии Русия гуфт, ки дар маросим дар саросари кишвар тақрибан 2 миллиону 400 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Дмитрий Песков, сухангуи президенти Русия гуфт, ки Владимир Путин ҳам ба оби ях паридааст, вале нагуфт, ки дар кадом минтақаи Маскав.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ