Путин Лукашенкоро табрик кард. Дигарон дар навбат…

Президенти Русия Владимир Путин Александр Лукашенкоро бо пирӯзиаш дар интихоботи президентии Беларус табрик гуфт.

Дар номаи Путин инчунин рушди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди Русия ва Беларусро қайд гардидааст.

«Умедворам, ки фаъолияти минбаъдаи шумо ба  муносибатҳои мутақобилан судманди Русияву Беларус дар тамоми соҳаҳо, густариши ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Аврупо, ташаккули равандҳои ҳамгироӣ тавассути Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ИДМ, инчунин робитаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мусоидат хоҳад кард. …. Ин ғолибият бешубҳа ба манфиатҳои куллии халқҳои бародари Русия ва Беларусия хоҳад буд «, — изҳор доштааст президенти Русия.

Мувофиқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Беларус, сарвари феълии кишвар Александр Лукашенко бо гирифтани 80,23% овозҳо дар ҷои аввал, Тихоновская бо гирифтани 9,9% натиҷаи дар ҷайи дуввум, пас аз инҳо  Анна Конопатская бо 1,68%, Андрей Дмитриев бо 1,04% ва Сергей Черечен бо 1,13% қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *