Путин: Нақшаҳои Русия ишғоли Украинаро дар бар намегиранд!
Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки Маскав нақшаи ишғоли қаламравҳои Украинаро надорад.
Президенти Русия Владимир Путин дар паёме ба русҳо эълом кард, ки дар бораи амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс тасмим гирифтааст.
«Вазъият аз мо тақозо мекунад, ки чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешем. Ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат карданд»,- гуфт президент.
Ба ин муносибат мувофиқи моддаи 51, қисми 7-и асноди СММ бо иҷозати Шӯрои Федератсия ва ба амал баровардани шартномаҳои дустӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ҶМД ва ҶМЛ, ки аз тарафи Ассамблеяи Федеративӣ тасдиқ карда шудааст, дар бораи гузаронидани амалиёти махсуси ҳарбӣ қарор қабул карда шуд.
Владимир Путин қайд кард, ки нақшаҳои Русия ишғоли Украинаро дар бар намегиранд, аммо Маскав барои демилитаризатсияи он талош хоҳад кард.
Президент дар паёми худ гуфт, ҳадаф аз амалиёти вижае, ки Федератсияи Русия анҷом додааст, ҳифзи одамонест, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд.
Зимнан, ӯ таъкид кард, ки онҳое, ки алайҳи мардуми осоишта ҷиноятҳои зиёди хунин содир кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин шоми 21-уми феврал ба мардуми кишвар муроҷиати изтирорӣ карда буд.
Раҳбари давлат дар изҳороти худ гуфт, ки Федератсияи Русия ҶМД ва ҶМЛ-ро расман эътироф мекунад. Ӯ ҳамчунин хостори қатъи хунрезӣ аз ҷониби Украина шуд.
Фармонҳо дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳанск ба унвони кишварҳои соҳибихтиёр ва мустақил шаби 21 ба 22-юми феврал пас аз ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амният, ки авҷ гирифтани авзоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ карданд, нашр шуданд.
Вазъ рӯзҳои охир дар Донбасс муташанниҷ шуд, ҶМД ва ҶМЛ аз тирборони неруҳои амниятии Украина хабар доданд. Мақомоти ин ҷумҳуриҳо дар робита ба таҳдиди таҷовуз ба Украина аз тахлияи муваққати шаҳрвандон ба минтақаҳои Русия хабар доданд.
Аввалин шуда гурезаҳоро вилояти Ростов қабул кард, дар муддати кӯтоҳ вилоятҳои Воронеж, Новгород, Курск, Липетск ва Рязан ба ин кор пайвастанд, вилоятҳои дигар бошад, барои расонидани ёрӣ ба муҳоҷирон тайёр будани худро баён карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ