Путин нафақаро аз сатҳи таваррум боло мебарад

Бино ба иттилои “Комсомолская правда, Владимир Путин ҳангоми ҷаласа дар ин масъала ба кобинаи вазирон муроҷиат кардааст.

“Мехоҳам дар бораи яке аз масъалаҳои иҷтимоие, ки ба миллионҳо шаҳрвандони мо дахл дорад, чанд сухан гӯям. Ман индексатсияи нафақаҳоро дар назар дорам. Таклиф менамоям, ки нафақаҳо аз сатҳи таваррум андаке болотар бардошта шаванд”,- гуфтааст ӯ.

Оид ба он, ки пардохтҳо бояд боло бурда шаванд, президент тобистони соли гузашта дар маҷлиси «Русияи воҳид» ва моҳи декабр дар як нишасти хабарии васеъ низ сухан гуфта буд.

Бояд гуфт, ки сатҳи таваррум дар Русия дар як соли охир ба таври ниҳоӣ муқаррар нашудааст. Дар ҳоле, ки он дар минтақа 8,4% аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *