Путин ҷои Сталинро мегирад?
Президенти Русия Владимир Путин 6 декабр эълон кард, ки дар интихоботи президентии соли 2018 номзадиашро бори чорум пешбарӣ мекунад.
Путин бо 4 сол фосила, ки ӯ сарвазиру яке аз ёрони содиқаш Дмитрий Медведев президент буд, инак 17 сол боз раҳбарии Русияро дар даст дорад.
Ӯ дар мулоқот бо коргарони корхонаи автомобилсозии ГАЗ дар шаҳри Нижний Новгород билохира парда аз рӯи сирри аз қабл барои аксар маълум бардошт ва гуфт, дар интихоботи соли ояндаи президентии Русия иштирок мекунад: «Бале, ман номзадиамро ба мақоми президенти Русия пешбарӣ мекунам.”
Владимир Путин афзуд,»Русия фақат ба сӯи пеш ҳаракат хоҳад кард ва ягон кас ва ягон вақт Русияро аз ин роҳи ҳаракаташ манъ карда наметавонад.”
Путин то кунун ба саволҳо дар бораи эҳтимоли пешбарии номзадиаш ба интихоботи президентии соли 2018 ҷавобҳои духӯра медод ва мегуфт, тасмимашро ба зудӣ эълон хоҳад кард.
Интихоботи навбатии президентии Русия моҳи марти соли 2018 доир мешавад. Раисиҷумҳури Русия аз соли 2012 ба ин сӯ барои 6 сол интихоб карда мешавад.
Владимир Путин бори аввал дар соли 2000 ба мақоми президенти Русия интихоб шуда, дар соли 2004 ба давраи дуюми раёсаташ даст ёфт. Азбаски Қонуни асосии Русия ба як нафар иҷозати беш аз ду давраи раҳбариро намедиҳад, дар интихоботи соли 2008 яке аз ёрони содиқи Путин – Дмитрий Медведевро президент карданд ва худи Путин дар ҳукумати Медведев мақоми сарвазирро ба даст гирифт.
Дар соли 2012 Медведев бо ду дасти адаб мақоми президентиро ба Путин баргардонд ва ҳамчун арзи сипос ба ӯ мақоми сарвазириро доданд.
Аммо бисёриҳо бар ин боваранд, ки тайи он чор сол – аз 2008 то 2012 – низ Медведев фақат расман раисиҷумҳур буд, вале дар асл умури давлатдорӣ дар дастони Путин боқӣ монда буд. Ба ин тартиб, собиқаи раҳбарии Путин бар Русияро аксар инак қариб 18 сол ҳисоб мекунанд ва мегӯянд, пирӯзии ногузир дар интихоботи соли оянда ба маъноест, ки Путин дастикам то соли 2024, яъне қариб чоряк аср раҳбарии Русияро аз панҷаҳои маҳкамаш раҳо намекунад.
Мунтақидон Владимир Путинро ба бунёди як низоми худкома ва олуда ба фасоди монанд ба режимҳои ҳоким дар Осиёи Марказӣ айбдор мекунанд ва мегӯянд, ӯ тавонист дар ин солҳои тамоми қудрат ва бизнесҳои равғанин, бахусус тиҷорати нафту газро дар дасти як гурӯҳи маҳдуди ёрони собиқаш, ки аксари онҳо мисли ӯ парвардаи мактабҳои КГБ мебошанд, мунсаҷим кунад.
Владимир Путин 7 октябри соли 1952 дар шаҳри Ленинград ( ҳоло Санкт-Петербург) ба дунё омадааст. Путин соли 1975 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Ленинградро хатм карда, дар КГБ ба кор сар кард. Ӯ то фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ниҳод кард. Дар ибтидои солҳои 90 Путин дар ҳукумати шаҳрдори Санкт-Петербург Анатолий Собчак умури байналмилалиро бар дӯш дошт. Соли 1998 раиси ФСБ ва соли 1999 сарвазири Русия таъйин шуд. Дар соатҳои поёнии соли 1999 Борис Елтсин аз мақоми президенти Русия истеъфо дод ва раҳбариро ба Путин супурд.
Дар даврони раҳбарии Путин бо шарофати нархи осмонбӯси нафту наз Русия аз нигоҳи иқтисодӣ ва низомӣ дигарбора қувват ёфт. Тарафдоронаш инро дубора аз зону ба пой хестани Русия бо шарофати хирадмандии Путин меноманд.
Вале мунтақидон мегӯянд, ки дар асл Путин ҳама дастовардҳои Русия барои сохтани як ҷомиаи мутамаддин ва демократиро ба хотири ҳифзи қудрати худу атрофиёнаш зери по кард ва солҳои зиёде лозим хоҳад шуд, то баъди Путин ин асароти манфии ҳукумати ӯ ислоҳ шавад.
Истилои Қрим, ҷанг дар шарқи Украина ба обрӯи Путин дар арсаи байналмилалӣ низ осеби ҷиддӣ зад ва кишварҳои Ғарб ба зидди Русия ва атрофиёни Путин таҳримот ҷорӣ карданд. Ин боиси пасрафти иқтисоди Русия шуд, вале ба рейтинги хеле баланди Путин дар чашми мардуми оддӣ латма назад.
Бо дарназардошти ин рейтинги баланд ва низоми интихоботие, ки дар даврони ӯ дар Русия сохтанд, касе шак надорад, ки дар сурати пешбарии номзадиаш Путин интихоботи соли 2018-ро ба сурати ногузир хоҳад бурд.
Дар таърихи Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ, агар подшоҳони русро сарфи назар кунем, танҳо ду нафар – Иосиф Сталин (солҳои 1924-1953) ва Леонид Брежнев (солҳои 1964-1982) собиқаи аз Путин бештари роҳбарӣ доранд. Баъди ҳамагӣ чанд моҳи дигар Путин рекорди Брежневро ҳам мезанад ва танҳо қуллаи боқимонда барояш рекорди Сталин хоҳад монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ