Путин: Раҳмон ба эҳтироми аҳли башар ноил гаштааст
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, ҳамтои тоҷики худро бо зодрӯзаш табрику таҳният гуфта ва аз нақши ӯ дар таҳкими муносиботи шарикӣ ва иттифоқчигии стратегии миёни Тоҷикистону Русия ситоиш кардааст.
Бино ба маълумоти сомонаи President.tj, Владимир Путин дар номаи шодбоши худ гуфтааст: “Шумо ба эҳтироми шоистаи ҳамватанон ва аҳли башари бурунмарзӣ ноил гаштед. Таҳти роҳбарии Шумо мардуми Тоҷикистон дар арсаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба комёбиҳои қобили таҳсину назаррас муваффақ шуд”.
Рӯзи 5 октябр Эмомалӣ Раҳмон ба синни мубораки 67-солагӣ расид ва раҳбарони кишварҳои дӯст ӯро бо зодрӯзаш табрик гуфтанд.
Аз ҷумла, Чин Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ва Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон зимни ирсоли номаҳои шодбош Тоҷикистонро шарики стратегии худ унвон кардаанд.
Ҳамчунин, раисони ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Туркманистон низ Президенти Тоҷикистонро бо зодрӯаш табрик гуфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ