Путин: Робита бо Толибон зарур аст
Президенти Русия Владимир Путин робита бо Толибонро амри зарурӣ донист. Ӯ рӯзи 28-уми май дар шаҳри Тошканд ба хабарнигорон гуфт, ки барқарории равобит бо Толибон зарур аст.
Ба иттилои хабаргузории «Известия», Путин гуфтааст, ки дар Афғонистон мушкилоти зиёде вуҷуд дорад ва инкори он ғайриимкон аст, аммо воқеият ин аст, ки айни замон идораи Афғонистон дар дасти Толибон мебошад.
“Бояд бо таваҷҷуҳ бо ин воқеият амал кард ва равобити худро муносиб бо он танзим намуд. Ин ки чӣ гуна бояд бо онҳо робита барқарор кард, пурсиши дигаре аст, аммо ба наҳве бо онҳо бояд робита дошта бошем”,- гуфтааст Владимир Путин.
Путин зикр кардааст, ки дар ин самт “Русия бо бисёре аз шарикони худ, аз ҷумла бо шариконаш дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар тамос аст».
“Мо ақида ва назарҳои ҳар як шарик ва дӯстони худро ба назар гирифта, дар иртибот бо ин мавзуъ ҳамонҳангӣ хоҳем кард”,- таъкид кардааст Путин.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомдорони сатҳи болои Русия дар бораи зарурати ҳамкорӣ бо Толибон сухан мекунанд.
Қаблан Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки “сиёсати замон тағйир кардааст ва барқарории робита бо “Толибон” наздик аст”.
Рӯзи 28-уми май Замир Кабулов хабар дод, ки ду ниҳоди давлатии Русия — Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлия ба Владимир Путин, раисиҷумҳур пешниҳод кардаанд, ки номи ҷунбиши исломии Толибон аз феҳристи созмонҳои мамнуъ бардошта шавад.
Таъкид: Толибон гурӯҳи террористии фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соири кишварҳои дигар мамнуъ аст!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ