Путин розист, аммо бо чанд шарт…

Мулоқоти деринтизори сарони Амрико ва Русия Доналд Трамп ва Владимир Путин дар масъалаи сулҳи Украина билохира рӯзи 18-уми март сурат гирифт ва 90 дақиқа идома кард.

Владимир Путин, президенти Русия дар суҳбати телефонӣ бо Доналд Трамп, президенти Амрико розӣ шудааст, ки барои сӣ рӯз ҳамлаҳоро ба пойгоҳҳои энергетикии Украина қатъ кунад.

Кохи Сафед пас ин мулоқот дар баёнияе гуфт, Трамп ва Путин мувофиқат кардаанд, ки ҳаракат барои сулҳ бо қатъи ҳамлаҳои Русия ва Украина ба таъсисоти энергетикӣ ва зерсохтҳои якдигар оғоз гардад.

Бар асоси ин баёния, раҳбарони Амрико ва Русия ҳамчунин созиш кардаанд, ки «музокироти фаннӣ» барои оташбас дар Баҳри Сиёҳ ва оташбаси комилу сулҳи доимӣ анҷом шавад.

Дар баёнияи Кремл гуфта мешавад, ки Трамп ва Путин ба мувофиқа расидаанд, ки «талошҳо барои ҳалли масъалаи Украинаро идома диҳанд». Манбаъ мегӯяд, ки дар робита ба ин, ду тараф гурӯҳҳои корӣ таъсис хоҳанд дод.

“Дар доираи ташаббуси раисиҷумҳури Амрико барои барқарории оташбаси 30-рӯза, ҷониби Русия як қатор нуқтаҳои муҳимро таъкид кард, ки аз таъмини назорат бар оташбаси эҳтимолӣ дар тамоми хати ҷанг, қатъи басиҷ (мобилизатсия) дар Украина ва муҷаҳҳаз кардани неруҳои мусаллаҳи ин кишвар иборатанд”,- омадааст дар баёнияи Кремл.

Президенти Украина Владимир Зеленский, ки бо сафари корӣ дар Финландия қарор дорад, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, талабҳои Путин баёнгари онанд, ки ӯ на дар фикри оташбас, балки зарба задан ба неруҳои мусаллаҳи Украина аст.

«Вақте Путин дар бораи анҷоми мобилизатсия мегӯяд, мавқеаш башардӯстона нест, балки ба хотири он аст, ки артиши моро хурдтар ва заифтар кунад. Айни ҳаминро дар бораи талаби ӯ дар мавриди қатъи ёриҳои низомӣ ва иттилооти иктишофӣ гуфтан мумкин аст»,- афзуд Зеленский.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Украина ва Амрико баъд аз музокироти худ дар Арабистони Саудӣ рӯзи 11-уми март эълон карданд, ки Киев ба пешниҳоди оташбаси 30-рӯза розӣ шуд, ба шарте ки Русия низ онро бипазирад.

Путин қаблан шартҳои изофӣ, аз ҷумла қатъи интиқоли силоҳро аз Амрико ба Киев дар миён гузошта, хоста буд, ки Украина иҷозаи пайвастан ба НАТО-ро надошта бошад ва кишвари бетараф монад.

Киев дар гузашта чунин шартҳоро рад кардааст.

Ҳамчунин, дар суҳбати телефонӣ Трамп ва Путин мувофиқа кардаанд, рӯзи 19-уми март ивази 175 асири ҷангӣ аз ҳар ду тараф миёни Русия ва Украина анҷом шавад. Ҳамчунин, Русия 23 сарбози захмии украиниро, ки дар бемористонҳои ин кишвар бистарӣ ҳастанд, ба Украина таҳвил медиҳад.

Стив Уиткоф, фиристодаи махсуси Амрико дар умури Ховари Миёна ба «Fox News» хабар додааст, ки музокироти навбатии Амрико ва Русия дар мавриди хатми ҷанг дар Украина рӯзи якшанбе, 23-юми март дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Уиткоф, мақомоти Амрико интизор доранд, ки Украина аз созишҳое, ки дар ҷараёни музокироти раисони ҷумҳури Амрико ва Русия ба даст омадаанд, ҷонибдорӣ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image