Путин: Тоҷикистон нақши мусбат дорад…

Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти онлайнии СААД гуфт,  ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатро анҷом медиҳад.

Таҳти раёсати Президенти Русия Владимир Путин дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.Путин гуфт: “Мехоҳам нақши махсуси Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, зикр намоям, албатта, ман воридшавии маводи мухаддир ва террористонро дар назар дорам. Дар ин самт Тоҷикистон корҳои азими мусбат анҷом дода истодааст, ин корро дар якҷоягӣ бо шумо идома медиҳем, аз ҷумла, бо истифода аз имконияти худ бо сохтори низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст”

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, мушкилоти мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қирғизистон Талант Мамитов ширкат варзиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *