Путин Тоҷикистонро ба Иттиҳоди АвруОсиё шомил мекунад?
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин – президенти Русия – ба Душанбе имзои чанд созишнома дар назар аст.
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, рӯзи 31 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, «ин созишномаҳо асосан барои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ бо баъзе аз минтақаҳои бузурги Русия нигаронда шудаанд.» Вале вазир гуфт, ҷузъиёти дигари созишномаҳо дар ҷараёни сафари Путин эълон хоҳад шуд.
Президенти Русия дар оғози моҳи феврал ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ҳафтаи гузашта Игор Шувалов, муовини сарвазири Русия, дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод ва гуфт, «мо бояд ба сафари президент Путин ҷиддӣ омода бошем. Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд.»Ӯ гуфт, «акнун ҳамарӯза дар иртибот бо нахуствазири Тоҷикистон иҷрои ин созишҳоро зери назорат мегирем, ки то сафари президенти Русия ягон масъалаи баҳснок боқӣ намонад. Кӯшиш мекунем, ҳамин тавр шавад, то ҳадди имкон.»Бисёре аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол дар ҷараёни сафари Владимир Путин вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, созмони таҳти назорати Кремлин баррасӣ шавад. Русия солҳо боз аз Тоҷикистон хостааст, то шомили ин иттиҳод гардад, вале Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, “ин масъала ҳанӯз дар дасти баррасист ва Душанбе таҷрубаи кишварҳои дигари узвро меомӯзад”. «Масъалаи ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё воқеан протсеси ҷолиб аст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад. Солҳои охир Арманистон ва Қирғизистон ба ин созмон ворид шудаанд ва таҷрибаи ширкати онҳо дар ин созмон барои мо ҷолиб аст. Мо омӯзиши худро дар заминаи ширкати ин кишварҳо дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё васеъ кардем», — афзуд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ