Путин: Тоҷикистону Арманистон аз доллар даст кашанд, зеро…
Президенти Федератсияи Русия ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро пешниҳод намуд, ки мувофиқи он ҷаноби Путин ба давлатҳои шомили ИДМ, амсоли Русия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон пешниҳод кардааст ,ки барои ташкили бозори ягонаи молиявӣ байни ин давлатҳо аз воҳиди пули ИМА- доллар даст кашанд.
Бинобар хабари нашргардидаи сомонаи Президенти Русия, дар доираи «Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар ташкили бозори асъори ягонаи давлатии иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» механизме таъсис дода хоҳад шуд, ки дар сурати даст кашидани давлатҳои шомили ИДМ аз доллару евро ягон зарари иқтисодие ба миён наомада, балки ба манфиати тиҷорату равобити иқтисодии ин мамлакатҳо хоҳад буд.
Созишномаи таъминшуда барои қабули бевоситаи асъори ягона дар бонкҳои ин мамолик ва бозори дохилии онҳо буда, амалиёти асъори байнибонкӣ дар бораи шартҳои на камтар мусоид аз онҳое ки аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ миллӣ, ки барои васеъ намудани истифодаи пули миллӣ барои пардохтҳо дар соҳаи савдои беруна ва хизматрасонии молиявӣ ва ба ин васила шароит барои баланд бардоштани пардохтпазирӣ ба бозори асъори миллӣ пешбинӣ шудааст, кӯмак хоҳад кард.
Дар натиҷа, ҳамаи шароити фароҳамгашта ки дар доираи он дар ҳудуди бозорҳои ИДМ рушди пули миллӣ ба даст меояд, заминаи ягона барои сиёсати пулию тиҷорати ҳамоҳангшуда пайдо мешавад. Бад- ин васила имкониятҳои иловагӣ барои иҷрои стратегияҳои дарозмуддати тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ, инчунин барои ноил шудан ба суботи макроиқтисоди умумӣ дар минтақа фароҳам меояд. Мамолики ИДМ- ро лозим аст, ки барои тасвиб ва иҷрои минбаъдаи шартнома бояд ба фаъолияти ҷадид ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин амиқсозии равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИДМ мусоидат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ