Путин Ӯзбекистонро шарики стратегии худ хонд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ҳамтои ӯзбекистонии худ Шавкат Мирзиёевро ба муносибати 25 солагии бақарор шудани муносибатҳои дипломатӣ табрик намуд.
Табрикоти мазкур дар сомонаи расмии президенти Русия чоп шудааст. Владимир Путин дар он зикр намудааст, ки солҳои қаблӣ муносиботи Русия ва Ӯзбекистон қадам ба марҳилаи нав- шарикии стратегӣ гузаштанд.
«Гуфтугӯҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ—фаннӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо дар ҳоли тавсиа қарор доранд. Кишварҳои мо дар ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон босамар ҳамкорӣ доранд.Итминон дорам, ки муштаракан мо маҷмуи ҳамкориҳои дуҷонибаро бар манфиати халқҳои ба ҳам дӯсти Русия ва Ӯзбекистон, устувории сулҳ, амният ва суботи Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод»—зикр шудааст дар паёми Владимир Путин.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ