Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Хатлон

Намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон ба маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар омаданд. Сафари онҳо дар доираи Рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар Тоҷикистон аст.

Ба хотири Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукуҳ баргузор шуд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон гуфт, ки равобити дӯстии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар аз азал буд ва то охир боқӣ мемонад. Ӯ мегӯяд, ки дар пайванду паймони дӯстии ин ду миллати бузург хизмати шоирону адибони замон хеле бузург аст.

Доктор Маҳмуд Солорӣ, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, ки ба хотири пойдору устувор боқӣ мондани дӯстии байни мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон пайваста кӯшиш мекунанд, то чунин сафарҳо бештар шаванд.

Меҳмонони кишвари мавриди назар аз Осорхонаи вилояти Хатлон дидан карданд.

Мақсади ташкил ва баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин шинохти бештар аз фарҳангу аҳли башар, пурқувват намудани риштаи дӯстӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба аст.

Бояд гуфт, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон то 6-уми ноябри соли равон идома меёбад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *