Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Восеъ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади таблиғ намудани ҳунарҳои мардумӣ Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Восеъ дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Восеъ, дар чорабинии мазкур намояндагони МИҲД, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва варзишгарони мактаби варзишӣ иштирок намудаанд.

— Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барои болидаруҳ гардонидани сокинони Душанбешаҳр ҳунарнамоӣ намуданд. Шуъбаи маориф, бахши ҷавонон ва дигар бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қуроқдузӣ, шероздузӣ, атласбофию адрасбофӣ, кандакорӣ ва кадбонуҳои ноҳия намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, нону кулча, қаламаю чапотӣ ва қариб 20 намуди анвои аз орд истеҳсолшавандаро ба маъраз гузоштанд. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо таваҷҷуҳ ба ин ҳунари бонувони ноҳияи Восеъ ба онҳо барои тайёр кардани нонҳои ҳаҷман калон, ки маҳорати хоси пухтанро талаб менамояд, баҳои баланд дод,- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки дар гӯшаи дигар маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширу ҷурғот, чакаю равғани маска ва қурут ба маъраз гузошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *