Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад

30-юми марти соли 2022 дар кинотеатри “Наврӯз” бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо синамонигорони ӯзбек ва манзури алоқамандони синамо намудани филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад.

Бино ба иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», муддати се рӯз филмҳои гуногунжанри истеҳсоли Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.

— Нишасти матбуотӣ оид ба баргузории Рӯзҳои кино 30-юми марти соли 2022 соати 14:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои рӯзноманигорону хабарнигорони васоити ахбори омма пешбинӣ шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *