Рӯз ва ҷадвали парвозҳои байни Тоҷикистону Русия муайян гардид

Шурӯъ  аз 25 июн ҷиҳати аз шаҳрҳои Русия ба ватан овардани шаҳрвандони Тоҷикистон, ширкатҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург ҳамагӣ 8 парвоз анҷом медиҳанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳои чартерӣ тибқи ҷадвали зерин, ки бо мақомоти дахлдори Русия ҳамоҳанг шудаанд, сурат мегиранд:

* 25 июн бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

* 26 июн бо хатсайри Душанбе – Қазон – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

* 30 июн бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

* 1 июл бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

* 6 июл бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

* 7 июл бо хатсайри Душанбе – Екатиринбург – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

* 13 июл бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

* 14 июл бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”.

Хотиррасон мешавад, ки дар раванди анҷом додани чунин парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, дода мешавад.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири Ковид-19, масъалаи барқарор намудани парвозҳои доимӣ ба/аз Русия, Туркия ва Чин аз ҷониби мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *