Рӯзе бармегардаму бо Толибон ҳисобу китоб мекунам,-гуфтаст Ато Муҳаммад Нур

Ато Муҳаммад Нур, раҳбари яке аз шохаҳои ҳизби Ҷамъияти исломӣ мегӯяд, рӯзе ба Афғонистон бармегардад ва бо «Толибон»* ҳисобу китоб мекунад.

Ато Муҳаммад Нур, раҳбари маъруфи муҷоҳиддини Афғонистон дар вокуниш ба бардоштани номи устод Бурҳониддини Раббонӣ аз тоблуи Донишгоҳи таълиму тарбияти Кобул аз сӯйи «Толибон»* интиқод карда, ин кори онҳоро бегонапарастӣ, қавмситезӣ ва бадхоҳӣ номидааст.

«Дубора бармегардем ва намодҳои ҳувияти хешро эҳё хоҳем кард»,-навиштааст Нур дар сафҳаи фейсбукияш.

Оқои Нур гуфтааст, ки «Толибон»*, унсурҳои бегона дар солрӯзи шаҳодати Устод Бурҳониддин Раббонӣ исми мубораки ӯро аз тоблуи

Нур навиштааст, шояд онҳо фикр мекарданд, ки ин амал метавонад номи бузурги раҳбари шаҳидро аз байн барад, аммо ин ғайриимкон аст ва ин хаёл асту ҷунун.

«Бо ин равиши қавмӣ ва бегонаситезӣ «Толибон»* бори дигар фосилаи байни қабилаҳоро густариш доданд ва имкони ҳамдигарпазириро аз мардум гирифтанд. Ҳоло дигар намодҳое, ки «Толибон»* аз онон ба унвони пуштвонаи қавмияшон ҳимоят мекунанд, дар зери хатару нобудӣ қарор гирифта ва рӯҳияи танаффурро ин гурӯҳ дар миёни мардум ба шиддат садама заданд»,-навиштааст Нур.

Гуфта мешавад, дар 10-умин солгарди қатли Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон аз сӯйи «Толибон» Вазорати таҳсилоти олии ин гурӯҳ дирӯз амр дод, ки номи Донишгоҳи таълиму тарбияти Раббонӣ тағйир дода шавад.

Вазири таҳсилоти олии «Толибон»* бо судури як фармон эълом кард, ки номи Донишгоҳи таълиму тарбиятро тағйир додааст ва дар шарҳи ин тасмимаш гуфтааст, ки номгузории Донишгоҳи таълим ва тарбияи Кобул сиёсӣ буда, ниҳодҳои таълимӣ бояд аз сиёсат дур бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *