Рӯзгори сангини муҳоҷирзани тоҷик дар филми нави режиссёри рус (видео)

Филми бадеии “Она”-и режиссёри рус Лариса Садилова, ки ба рӯзгори бади муҳоҷирони тоҷик дар Русия қисса мекунад ба тамошои озод баромад. Истеҳсолгари филм – киностудияи “Мосфильм” “Она”-ро дар сомонаи худ гузоштааст.

“Она” филми бадеӣ буда, аз рӯзгори сангини муҳоҷирони тоҷик дар Русия қисса мекунад. Сюжети филм чунин аст: Мая ҷавондухтарест, ки ба Маскав ба назди ҷавони дӯстдоштааш меояд. Зеро ҷавон ба ӯ ишқу муҳаббат ва оиладоршавиро ваъда карда буд. Вале ҷавон ба ваъдаи худ вафо накарда, баъди омадани Мая ба Тоҷикистон бармегардад ва оиладор мешавад. Ҳамин тавр, рӯзгори сангини Мая дар Русия оғоз мешавад”.

Нақши Маяро дар филм Файзиева Нилуфар ном духтари тоҷикистонӣ иҷро мекунад.

“Она”-ро метавон дар ин суроға тамошо кард:

https://cinema.mosfilm.ru/films/37262/

Режиссёр дар филм муҳоҷронро таҳқир намекунад, аммо масоили муҳим ва мубрами Русияи муосирро ба миён мегузорад ва ҳаёти душвори муҳоҷиронро инъикос менамояд. Маоши паст, хуроки бесифат ва муҳлаташ гузашта, никоҳҳои ғайриқонунӣ ва ғайришаръӣ, бемориҳои мухталиф, зистан дар шароитҳои бад, беморӣ ва ғайра барои як бурида нон муҳтавои филми Лариса Садилова аст.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш Садилова гуфтааст: “Она” рӯзгори воқеӣ аст. Ин гуна қисса дар ҳамсоягии мо рух дода буд, фақат поёни он ғамангезтар сурат гирифт, поёни филми ман бошад умедворкунанда. Баъди филми ман бисёре аз тамошобинон духтаронашонро аз муҳоҷират боздоштанд”.

Лариса мегӯяд, ки барои ӯ зиндагии тоҷикон ва муҳоҷирон ошно аст: “Барои ман рӯзгори сангини муҳоҷирони тоҷик дар Русия ошност ва дар филм ҳам ман кӯшиш кардам ҳақиқатро гӯям. Продюссери филм шавҳари ман Рустам Аҳадов метист – тоҷику рус аст, бинобар ин мо дарди шиносҳои худро медонем”.

Филми мазкур соли гузашта Ҷоизаи “Окно в Европу”-ро дарёфт кард

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *