Рӯзи Артиши миллӣ бо қонуни нави хизмат

Ҳар сол ҳудуди 30 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон барои хидмат дар артиш ҷалб мешаванд.

Бори аввал солгарди таъсиси артиши миллии Тоҷикистон дар рӯзи 23-уми феврал баъд аз қабули қонуни нави хизмати ҳарбӣ таҷлил мешавад. Санаде, ки тарзи нави хизмати ҳарбиро пешбинӣ кардааст.
Бар асоси тарҳи нави қонун «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ» акнун солона то 10 дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб мешаванд ва хоҳишмандоне, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, метавонанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Қонунро ҳамин ҳафта Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабул кард ва қарор аст, ин санад баъди тасвиб дар Маҷлиси намояндагон ва имзои Президент ҳукми иҷро бигирад.
Ҳар сол ҳудуди 30 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон барои хидмат дар артиш ҷалб мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *