“Рӯзи беморӣ, вале дардошно пайдо нашуд…”

Эркин Одинаев, ки аз сарояндагони саршиноси кишвар маҳсуб меёбад, дар саҳифаи ютубиаш суруди навашро бо номи “Пайдо нашуд” нашр кард.

Суруд бо намоҳангаш буда, дар он дида мешавад, ки овозхон бо ҷамъи навозандагон дар макони фарсудае суруд мехонад.

“Пайдо нашуд” дар худ чунин мисраъҳоро дорост:

Сад садо кардам, вале як ҳамсадо пайдо нашуд,

Бар дили пурсӯзу зорам ҳамнаво пайдо нашуд.

Гӯш кардам дарди мардумро чу як дардошно,

Рӯзи беморӣ, вале дардошно пайдо нашуд.

Зоҳиран суруд аз забони Эркин Одинаев ба шунаванда мегӯяд, ки ӯ дард дорад. Дарди танҳоӣ, дарди дар бараш рафиқ надоштан, дарди ноҳурматӣ, дарди берафиқӣ ва ғайраҳо.

Масалан, дар ҷои дигар чунин мисраъҳо ҷой гирифтаанд.

Кардаам таъмин ба кор он кас, ки бекор монда буд,

Дар зарурат як рафиқе мисли мо пайдо нашуд.

Бояд гуфт, ки таҳияву нашри чунин сурудҳои пурмазмун дар ҳоли ҳозир барои ҷомеаи мо хеле заруранд, зеро ҳоло насли нав ба интернет дастрасӣ доранд ва аксаран чунин матлабҳои маънидор пайдо карда наметавонанд. Вақте ки чунин сурудҳо нестанд, корбарони сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ба тамошои наворҳои бемазмун ва нохуб машғул мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *