Рӯзи чашни Иди Қурбон маълум гардид

Имсол мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, рӯзи ҷашни Иди Қурбон ба рӯзи ҷумъа, 31 июл рост меояд. Дар ин бора  “Азия-Плюс” дар такя ба Маркази исломии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки бар асари пандемияи корнавирус имсол ба муносибати Иди Қурбон намози иди дастаҷамъона баргузор намешавад.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд, лекин имсол он муяясар нахоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки қаблан Арабистони Саудӣ баҳри пешгирии паҳншавии коронавирус адои маросими ҳаҷи фарзиро барои мусалмонони саросари дунё дар соли равон бекор кард.

Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҷашни Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *