Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон муайян шуд

Имрӯз,11 июн ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва аъзои Шурои уламо масъалаи муайян намудани рӯзи баргузории Иди Қурбон ва вақти намозро матраҳ намудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, Шурои уламо қарор қабул намуд, ки тибқи ҳисобҳои илмӣ Иди Қурбон  16 — уми июн таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6-00 баргузор мегардад.

Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *