Рӯзи матбуоти тоҷик 11-уми март дар Осорхонаи миллӣ таҷлил мешавад (аудио)
Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик рӯзи 11-уми марти соли равон соати 15:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, дар ҷамъомад намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин рӯзноманигорон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи матбуот иштирок хоҳанд кард.
— Дар ин рӯз чун анъана як зумра рӯзноманигорону фаъолони матбуот бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар саҳни осорхона намоиши китоб манзури тамошобинону иштирокчиёни чорабинӣ мегардад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ