Рӯзи миллии Арабистони Саудӣ дар Душанбе таҷлил шуд

Бо ибтикори Сафорати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он сафирону намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ ва созмону ниҳодҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, намояндагони воломақоми ду кишвари дӯсту бародар — Ҷумҳурии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва журналистон иштироки фаъол намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  Валид ибни Абдурраҳмон Аррешайдон  халқи шарифи Тоҷикистон, меҳмонон ва ҳозиринро табрику таҳният гуфта, оид ба марҳилаҳои дурахшони рушди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар муддати 93 соли сипаригашта ва дурномои ин давлат барои соли 2030 суханронӣ намуд. Ӯ муносибатҳои дувониба ва бисёрҷонибаи Шоҳигарии Арабистони Сауӣ  бо Ҷумҳурии Товикистонро пурсамар ва умедбахш барои наслҳои имрӯз ва ояндаи ин ду сарзамини бофарҳангу мутамаддин маънидод намуд.   
Воқеан ҳам, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи кишварҳои ҷаҳони Араб ва Ислом Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мавқеи хосро ишғол намуда, маҳз дар замони соҳбистиқлолии Тоҷикистон байни ин ду кишвари дӯст ҳамкориҳо  босамар вусъат ёфтаанд.
Дар таърихи равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи кишварҳои Шарқи Наздик Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз зумраи нахустин кишварҳое буд, ки барои рушду пешрафти Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои душвори соҳибистиқлолӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ҳамвора дар ҳамоишҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ, ҳам дар меҳвари Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва ҳам Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббус ва иқдомҳои шоистаи Тоҷикистон пуштибонӣ намудааст. Аз ин рӯ, муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ реша аз садоқату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироӣ доранд.

Дар шароити феълии равобити хориҷӣ бо давлатҳо, созмонҳо ва ташкилоти минтақавию ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи худ низ аз сиёсати инсонмењвар ва инсонгароёнаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷиҳати кӯмак ва дастгирии кишварҳои  ҷаҳони Араб ва Ислом, таҳкими равобити устувор дар роҳи муқовимат ва решакан намудани даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ дар минтақа ва дунё саҳми арзандаи худро мегузорад. Давоми солҳои охир ҳузури фаъолонаи намояндагони воломақоми мақомоти амниятӣ ва дифоии Арабистони Саудӣ дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ  дар шаҳри Душанбе  худ аз таҳкими равобити судманди ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, сармоягузорӣ, кӯмакҳои хайриявӣ, илму фарҳанг ва ғайра шаҳодат медиҳад.

Имрӯз халқҳои Тоҷикистону Арабистон дар рушди устувори равобити бисёрҷонибаи иқтисодӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ, амниятӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва  ғайраи ду кишвари дӯст умедҳои зиёд доранд. Татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги муштарак дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, бунёди муассисаҳои илмиву таълимӣ, бунёди роҳҳо ва иншооти саноативу дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва кӯмакҳои башардӯстона бо ибтикори Маркази Малик Салмон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо дастгирии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  нишонаи бориз дар рушди устувори  равобити ҳасанаи ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Фатҳиддини Замон,
журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *