Рӯзи парвоз ва нархи парвоз ба Русия аниқ шуд
Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон дар як ҷаласаи махсус рӯзи парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Маскав ва нархи билети сафарро эълон кард.
Азиз Набизода, муовини раиси Агентӣ, рӯзи 28-уми март гуфтааст, ки ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе ва ҳавопаймои «ЮтЭйр» ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар хатсайри Маскав-Душанбе-Маскав парвоз анҷом медиҳанд.
Ӯ гуфтааст: «Дар ҷаласа қарор қабул кардем ва талаб намудем, ки нархи билети рафту баргашт аз 450-500 доллар зиёд нашавад. Бисёриҳо кӯшиш мекунанд, нархи билетро беасос боло баранд. Ин ҳам барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам меҳмонҳои хориҷӣ осон нест. Дар вақти пандемия рушди ҳама соҳаҳо паст ва даромадҳо кам шудааст.»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ