Рӯзи Ваҳдат бе ҷаласаю шаҳомот

Соли равон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашну тантана ва чорабиниҳои оммавӣ баргузор намешавад. Баргузории маҷлис ва чорабиниҳои идонаи пуриздиҳом низ дар назар нест.
Аз дафтари матбуоти президент рӯзи 26-уми июн гуфтаанд, ки имсол дар рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои идонаи оммавӣ ва намоишномаҳо дар назар нест. “Танҳо табрикоти телевизионии президент ба мардум пешниҳод мешавад”-, гуфтаанд дар дафтари матбуот. Қаблан рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо баргузории маҷлису ҳамоишҳо ва роҳпаймоиву намоишномаҳои пуриздиҳоми театрикунонидашуда бо ширкати Президент дар ин ё он шаҳру ноҳияи кишвар доир мешуд.

27-уми июн ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати Миллӣ” расман истироҳат аст. Дар ин рӯз дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо шуд, ки ба ҷанги панҷсола дар кишвар хотима гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *