Рӯзноманигори шинохта Аслиддин Достиев даргузашт

Шоми 8-уми август рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Аслиддин Достиев дар синни 64-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт.

Гуфта мешавад, ки мавсуф дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб даргузаштааст. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, меъдаи ӯро рӯзи 4-уми август ҷарроҳӣ кардаанд, вале пас аз ҷарроҳӣ дигар ба худ наомадааст.

Аслиддин Достиев аз рӯзноманигорони ҳирфаие буд, ки собиқаи зиёди корӣ дошт. Мавсуф бо мақолаҳои интиқодии худ шинохта шуда буд ва дар гузашта дар радиои «Садои Хуросон», радиои «Имрӯз», нашрияи «Рӯзи Нав», «Миллат», «СССР», «Пайк», Оҷонсии «Хатлон-пресс», «Вароруд» ва хабаргузории “Озодагон” кор кардааст.

Соли 2005 мақолаҳояш ҳамчун беҳтарин намунаи ҷасорати журналистӣ дар китоби “Ҷасорати журналист”, ки бо кумаки САҲА таҳия гашт, нашр шуданд.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз даргузашти ҳамкасби худ андуҳгин буда, ба пайвандони эшон изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *