Рӯзноманигори собиқадор Абдуғаффори Убайдулло даргузашт
Абдуғаффори Убайдулло, сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисодӣ ва идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон аз олам даргузашт.
Номбурда 66 сол дошт ва чанд соли охир аз беморӣ ранҷ мекашид.
Тавре ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ҷанозаи марҳум, имрӯз, 27 август, соати 13 дар деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор доир мешавад.
Зиндагинома
Убайдуллоев Абдуғаффор Раҳматуллоевич (Абдуғаффори Убайдулло) 11 марти соли 1958 дар деҳаи Мортеппа, шӯрои деҳоти Хонақоҳ (ҳоло Сомон)-и ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) ба дунё омадааст. Ӯ солҳои 1965-1975 дар мактаби миёнаи рақами 25-и зодгоҳаш таҳсил кардааст. Пас аз хатми мактаб дар курси ронандагии трактор таҳсил кард ва муддати як сол дар колхози ба номи Жданов (баъдтар Ватан)-и ноҳияи Ҳисор машғули кор буд. Соли 1977 барои идомаи кор ба Анбори саноатии рақами 2 шаҳри Душанбе рафт ва то соли 1978 ҳамчун ронандаи мошини борбардор фаъолият дошт.
Солҳои 1978-1980 дар шаҳри Челябинск хидмати сарбозӣ кард. Баъд аз поёни хидмати сарбозӣ дубора ба маҳалли кори қаблиаш баргашт ва то соли 1981 ба фаъолияти худ идома дод. Соли 1980 ба шӯъбаи шабонаи факултети филологияи тоҷик (бахши рӯзноманигорӣ)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пазируфта шуд ва соли 1985 онро хатм кард. Аз даврони донишҷӯӣ ҳамзамон дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”(баъдтар “Ҷавонони Тоҷикистон”) корро шурӯъ карда ва аз соли 1982 то 1991 ҳамчун мусаҳҳеҳ, хабарнигор ва муовини котиби масъули ин нашрия ба фаъолият идома дод. Дар ин солҳо Ато Ҳамдам, Талъат Нигорова ва Оқил Фахриев масъулияти сармуҳарририи “Комсомоли Тоҷикистон”-ро бар ӯҳда доштанд.
Абдуғаффори Убайдулло аз соли 1991 то моҳи сентябри соли 1992 котиби масъули ҳафтаномаи “Наврӯзи Ватан”, нашрияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон буд. Баъд барои идомаи кор ба радиои Тоҷикистон рафт ва муддати 30 сол (1992-2022) дар ин даргоҳ заҳмат кашид.
Дар ин расона муҳаррир ва мудири шуъбаи саноат буд ва ду давра сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисодӣ ва идораи барномаҳои таҳлилии радиои Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи ноябри соли 2022 бознишаст шуд. Ба далели маризӣ ва мушкили биноӣ дигар натавонист ба кораш идома диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ