Р. Ғаниев: 40 кори илмӣ таҳқиқ шуду 2 мақола дар Scopus Web of Science рӯи чоп омад
Соли равон аз ҷониби устодону кормандони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе 40 кори илмӣ-таҳқиқотӣ чоп гардид. Аз ин 2 мақола дар маҷаллаҳое чоп шудааст, ки ба рӯйхати маҷаллаҳои пойгоҳи Scopus Web of Science шомил мебошад.
Ин нуктаро Рустам Ғаниев, директори ин муассисаи олӣ, имрӯз, 28 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт.
Таъкид гардид, ки дар муассисаи олии мазкур корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ аз рӯйи самтҳои фанҳои табиӣ, чун математикаи амалӣ ва информатика, геология, химия, физика ва механика, инчунин, фанҳои гуманитарӣ, чун забоншиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ анҷом дода мешаванд.
Ба иттилои Рустам Ғаниев, раванди таълим дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В Ломоносов дар шаҳри Душанбе мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, фармонҳои ректори ДДМ ба номи Ломоносов, фармоишҳои директор ва директори иҷроия ба роҳ монда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ