Р.Ҳакимзода: 70%-и кортҳои пардохти бонкӣ аз «Амонатбонк» аст
Амонатбонк» дар низоми бонкии кишвар аз ҳисоби ҷалби муштариён ба хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ мавқеи аввалро соҳиб аст. Дар ин самт 70 фоизи бозорро фаро гирифтааст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Раёсати бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон -«Амонатбонк» Руҳуллоҳ Ҳакимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Ҳоло шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар «Амонатбонк» ба 1,2 миллион нафар расидааст, ки ин нисбат ба соли 2015 284 ҳазор нафар зиёд мебошад. Бо мақсади сари вақт огоҳӣ ёфтани нафақагирон аз воридшавии маблағ ба суратҳисобашон ба 9 ҳазор телефонҳои мобилии нафақагирон хизматрасонии СМС-паёмак ба таври ройгон пайваст карда шудааст», — гуфт Р. Ҳакимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ