Рӯ ба рӯ, дар натиҷаи садама 4 нафар кушта шуд

3-юми сентябри соли 2018, тахминан соати 14:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ландкрузер”, Маскинов Карим Маҷнунович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Ш.Шоҳин аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Нисан-Патрул”, таҳти идораи Лутфуллоев Тоҳир, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Хоруғ бармехӯрад.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи «Тайота-Ландкрузер”, Раҳматхудоева Фазилат Маҷнуновна, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъа, Обидов Мирсобит, соли таваллудаш 1953, сокини шаҳри Истаравшан ва мусофирони автомашинаи «Нисан-Патрул” Малишоев Одил, соли таваллудаш 1959 ва Саидманзаров Сайф, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Шуғнон аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашина Мирзошоева Ситора Шакаршоевна, соли таваллудаш 1987, Саидмаҳмадов Раҳматшо, соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Шуғнон, Ёрмаҳмадова Рамзия Нурмаҳмадовна, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Хоруғ, Гуломасенова Маҳбуба Сунатуллоевна, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи Роштқалъа ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *