Рӯдакӣ дар Кӯлоб
нигораҳое, ки ба даврони зиндагонии Абӯадулоҳи Рӯдакӣ мутааллиқ буда аҳамияти бузурги таърихию фарҳангиро моликанд, дар Осорхонаи 2700—солагии Кӯлоб хело зиёд ҷамъоварӣ шудаанд.
Дар тӯли таърих донишмандони олам эътироф намудаанд, ки саҳми фарҳангу адаби тоҷикон дар тамадуни башарӣ бузург аст. Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз зумраи чунин абармардонест, ки дар замони салтани Сомониён умр ба сар бурда, таълифоти гуҳарборе аз худ ба мерос мондааст.
Ва хидмати сулолаи Сомониён дар нумӯи фарҳанги миллӣ ва инкишофи санъату илм баѓоят бузург аст. Бо гузашти солҳо даҳои Рӯдакӣ чун машъалаафрӯзи роҳи инсоният ба сӯйи ҳақиқат, адолати иҷтимоӣ, ҳунари суханварӣ меафзояд. Акнун барои мо ҳама чизе, ки ба замони Рӯдакӣ ва шахсияти беназири ӯ дахл дорад, қимати азиме пайдо менамояд. Дар омӯхтан ва донистани зиндагии гузаштаи халқамон саҳми осорхонаҳои бостоншиносӣ ва кишваршиносӣ хеле назаррас аст. Чанде пеш ба тамошои яке аз осорхонаҳои калонтарини кишварамон Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб рафта будем. Ростӣ баъди тамошои ин осорхона дар кас таассуроти амиқу рангине боқӣ мемонад. Ҳар як нигорае, ки тамошобинон аснои тамошои осорхона мебинанд, баёнгари зиндагии ниёгонамонанд.
Дуруст аст, ки аз замони Рӯдакӣ дар осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигораҳои фаровоне ҷамъоварӣ шудаст. Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб ҳувайдо мегардад, ки инкишофии ҳунарҳои мардумӣ, бахусус ҳунарҳои кулолгарӣ, шишагарӣ дар замони Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ хело ривоҷ доштаанд.
Дар толорҳои барҳавои Осорхонаи мазкур нигораҳои ҷолибе ба маъраз гузошта шудаанд, ки аз таърихи бостони Кӯлоб, тараннуму таблиѓи ҳунару ҳунармандӣ, табиати нотакрори кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ва санъати волои рассомони хушсалиқаи ҷумҳурро метавон дид. Маълум мегардад, ки ҳунари кулолгарӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои қадимаи инсоният ба ҳисоб меравад. Нақшҳои свастикаи зарфҳои гуногуншакли кулолӣ, ки дар осорхона ба маъраз гузошта шудаанд, далели қадимияти ин ҳунари аҷдодӣ мебошад. Ҳамчунин мушоҳида намудем, ки одамон дар ибтидо бе дасгоҳҳои махсус коркарди олоти кулолгариро фаровон сохта мавриди истифода қарор медодаанд ва бо гузашти вақт сифату сохти маҳсулоти кулолӣ тавассути дастгоҳҳои коркарди гил наҷибу рангинтар гардидаанд.
Ин нигораро қариб дар тамоми осорхонаҳои мамлакатамон дидан мамкин аст. Ба ақидаи инҷониб дар осорхонаи шаҳри Кӯлоб ба тарзи пешниҳод ва ба намоишгузории тамоми нигораҳо хело ҷолиб мебошад. Кас ба андешае меравад, ки даҳ қарн пеш аз ин замоне, ки бархе аз тамаддунҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ вуҷуд надоштанд, гузаштагони мо дар санъати шаҳрсозӣ ба ҷойе раида буданд, ки дар асрҳои Х лулаҳо ё худ қубурҳои обгузарониро пурсамар истифода мекарданд.
Чунин нигораҳое, ки ба даврони зиндагонии Абӯадулоҳи Рӯдакӣ мутааллиқ буда аҳамияти бузурги таърихию фарҳангиро моликанд, дар Осорхонаи 2700—солагии Кӯлоб хело зиёд ҷамъоварӣ шудаанд. Ва ҳамчун як тамошобини осорхона ба маъмурият ва кормандони Осорхонаи мазкур барои ҷамъоварӣ ва тарғиби таъриху ҳунари қадимаи миллӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоям.
Таманно Шифоева,
магистранти бахши 2, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ