Рӯдакӣ: Дузди ҳирфаӣ дастгир шуд

Вақтҳои охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ рабудашудани маблағҳои пулӣ, телевизор ва дигар ашёҳои қимматнок аз дохили манзилҳои истиқоматӣ шаҳрвандонро ба ташвиш оварда, ба кормандони милитсия муроҷиат менамуданд. Содиршавии ҳаммонандии ҷиноятҳо аз нафари ҷинояткоре дарак медод, ки тариқи шикастани дар ва аз болои девор вориди манзили истиқоматӣ шуда, бо як чолокии махсус содир шудаанд. 

Маҳорат ва малакаи баланди касбии кормандони Шуъбачаи 3-юми Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе буд, ки бо гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нафари гумонбарро, ки ҳамзамон барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир намуданд.

318

Ин нафар шаҳрванд, Бекназаров Фаридун, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки қаблан 3-маротиба бо ҷурми дуздӣ ба мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуда, дар ҳолати ретсидивии ба ҷомеа хавфнок боз силсиладуздиҳоро дар ҳаҷми махсусан калон содир намудааст.
Чунончӣ номбурда ба манзили истиқоматии сокини 28-солаи шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ворид гардида, аз он ҷо як қатор лавозимоти сохтмониро, ки 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Бояд тазаккур дод, ки барои ба даст овардани маблағу даромади муфт номбурда аз ҳар роҳу восита истифода бурда, манзилҳои истиқоматии боҳашаматро мавриди ҳадафи ҷиноятии худ қарор додааст. Набудани соҳибхона, шикастани тирезаву кушодани он ва аз болои девор вориди хона шудан аз усулҳоест, ки ҷинояткори моҳир Фаридун Бекназаров барои ба даст овардани пулу моли муфт истифода мебурд.

319

Баъ аз дастгир шудан аз ҷониби кормандони милитсия як қатор таҷҳизотҳои рабудашуда, аз ҷумла 5-адад телевизор ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд. Чунончӣ зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ин нафари ҷинояткор дар содир намудани 36-ҳолати ҷинояти дуздӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон зиёда аз 300-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Акнун ӯро мебояд барои кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфноки сордирнамудааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд.
Айни замон гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Сироҷиддин Шукуров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *