Рӯдакӣ: Лату кӯб гаштани хушдоман аз ҷониби келин (видео)

     Аз овоза то ҳақиқат

Хабари занозании келину хушдоман дар ноҳияи Рӯдакӣ барқсон паҳн гашта, то ба мо низ расид. Яке мегуфт, ки дар сари дегу табақ гапи келину хушдоман гурехтаасту келин бо ғазаб модаршӯяшро тела додааст ва кампир ба даруни деги ҷӯшон афтидааст, дигарӣ инро рад карда иддао менамуд, ки келин хушдоманашро бо кафгир чунон задааст, ки майнааш садама (сотресение) гирифта, дар ҳолати вазнин дар беморхона хоб аст, саввумӣ ин моҷароро ба пул нисбат медод. Барои фаҳмидани асли гап мо роҳ ҷониби деҳаи «Совхоз-техника»-и ноҳияи Рӯдакӣ пеш гирифтем.

Хонаи Кафтармоҳ

Ба «Совхоз-техника» расида аз як писарчаи тақрибан панҷ-шашсола пурсидем, ки хонаи холаи Кафтармоҳ дар куҷост. Писарак пушти сарашро хорида гуфт:

-Хонаи холаи Кафтармоҳро намедонам, дар қишлоқи мо фақат як апаи Кафтармоҳ ҳасту халос.

-Мо хонаи ана ҳамон апаи Кафтармоҳро мекобем,-аз омад кардани корам хурсанд шуда гуфтам дар ҷавоб.

-Ҳо ана ҳамон хона аст,-Ба дарвозае ишорат кард писарак ва бинияшро поккунон майли рафтан намуд.

-Исто бачаҷон, соҳиби хонаро ҷеғ намезанӣ, мо аз ӯ як гапро пурсидан мехоҳем,-Худсарона ба ҳавлии бегона ворид шуданро ба худ эб надида, писаракро аз роҳаш боздоштам.

-Эй апаҷон, худатон равед, ман ба он хона намедароям!

-Барои чӣ? Магар соҳибонаш одамони гандаанд?

-Очаи Моҳӣ занаки бадҷаҳл аст, маро мезанад. (баъдтар фаҳмидам, ки писарак келини ин хонадонро дар назар дорад)

Хулоса, писарча тозон  рафт ва ман қадам ба хонае гузоштам, ки моҷарои келину хушдоман он ҷо сар задааст.

Болои сӯхта намакоб

Соҳибхона барои сокит намудани дард ба ҷойҳои захминшудаи баданаш малҳам мемолид ва моро дида нолишкунон аз ҷояш бархост. «Худам як одами дардмандам. Ду бор афтида захмӣ шуда будам. Бори аввал барои гов коҳ фароварданӣ шуда поям лағжид, баъд аз болои дарахти чормағз афтида маъюб шудам. Фишори хунам баланд аст, як чашмам аз давлени кӯр шуд. Ҷарроҳӣ карда бошем ҳам, ягон зарра фоида накард. Чашмам тамоман намебинад. Чор бор пай дар пай ҷарроҳӣ шуда ба қавле аз он дунё баргаштам, вале ҳама ранҷу азобҳои кашидаам як тараф шуду алами ин кори кардаи келинам як тараф. Фақат келин мебуд, шояд ин қадар аламам намекард, вале охир вай ба ман бегона  не, духтари бародарам, ҷону ҷигари худам, ҷиянам аст,-Апаи Кафтармоҳ кӣ будану ба чӣ хотир аз дараш даромаданамонро напурсида, аламу ҳасраткунон моро ба меҳмонхона даровард.

Зиндагиро бо нафақа пеш мебарем

Суҳбатро бо соҳибхона аз дур оғоз намуда пурсидем:

-Чанд фарзанд доред, холаҷон?

-Шукри Худо, модари шаш фарзанд ҳастам. Чортоашро хонадор кардам, дутои дигараш мактабхонанд.

Як келин доред?

-Не, ду келин дорам. Келини калониам соҳиби чор фарзанд аст, хурдиаш се кӯдак дорад.

Оилаатон калон  будааст?

-Ҳа, мо авлодан серфарзандем. Модарам 13 фарзандро таваллуд карда ба воя расонида буданд.

Таъмин намудани оилаи калон душвор нест?

-Шукри Худо чандон камбағал нестем, вале якбора ҳама камбудиҳоро бартараф карда намешавад-ку!

Писаронатон мисли дигар ҷавонмардони тоҷик дар Русия будагистанд?

-Пештар мерафтанд. Ба шарофати пули Русия зиндагиамон хуб буд, лекин баъд бачаҳоямро депорт карданд. Бечораҳо дигар мардикорӣ рафта наметавонанд.

-Зиндагиро аз кадом ҳисоб пеш мебаред?

-Нафақапулии ману шавҳарам дар зиндагӣ сарф мешавад. Барои фарзандону набераҳо дафтару қалам мехарем, пул месупорем, хӯрду хӯроки хонаро таъмин мекунем…

Келинам дугона ёфту…

-Холаҷон, мо журналист ҳастем. Шунидем, ки  шуморо келинатон задааст, барои ҳамин омадем, ки сабаби ҷанҷолатонро фаҳмем.

-Бачам, пештар зиндагии ором доштем, вале аз рӯзе, ки келини хурдӣ дугонабоз шуд, якбора тағйир ёфта, рӯзамонро сиёҳ кард. Чандин бор ҷангу ҷанҷол бардошта бошад ҳам, ба хотири духтари акаам буданаш чашм пӯшида, ӯро аз хона пеш накардам, вале ин духтар торафт аз худ рафта, ҳар рӯз ягон нағмаи нав мебаровард.

Падару модараш ӯро насиҳат намекунанд?

-Як бор ба акаам найрангҳои духтарашро гуфтам. «Зиндагиашро ҷудо кунед, то шуморо дигар ғам надиҳад» гуфт. Розӣ шуда зиндагиашонро ҷудо кардем, ҳатто хӯрду хӯрокашон алоҳида аст, вале ин духтар ҳеҷ одам нашуд, ки  нашуд.

Сабаби ҷангу ҷанҷоли келинатон дар чист?

-Рашк мекунад.

Ба кӣ?

-Муносибати ману келинам хуб набошад ҳам, писарам тез-тез маро хабаргирӣ меояд. Саҳар вақти ба кор рафтан ва бегоҳ баъди аз кор баргаштанаш ҳатман «очаҷон, чӣ ҳол доред?» гуфта аз дарам медарояд. Ин рафтори шавҳараш ба келинам намефорид. Ҳамеша бо писарам ҷанг мекунад, ки ту хонаи очаат меравӣ.

Аз ҳоли модар хабар гирифтани писар чӣ бадӣ дорад?

-Писарам ҳам борҳо бо хубӣ ба занаш фаҳмонд, ки модарам касал аст, ман фарзанд шуда дар ҳамин шабу рӯзҳо аҳволашро напурсам, кай мепурсам, вале келини якравам ду пояшро ба як мӯза андохта «хонаи очаат нарав» мегуфт. Писарам ҳам паст наомада «хоҳӣ-нахоҳӣ, меравам» гӯён, ҳар рӯз аз ҳоли ман хабар мегирифт ва ин боиси оташин шудани занаш мегашту алами Мӯсоро аз Исо гирифта, кӯдакони бегуноҳашро зада–зада ба хона мебурд. Чанд бор гуфтам, ки кӯдакҳо гуноҳ надоранд, беҳуда онҳоро назан, лекин…

Ба гапатон гӯш намекунад?

-Ба гапам гӯш кардан он тараф истад, вай ману шавҳарамро ҳатто одам ҳисоб намекунад. Дигарон модаршӯяшонро очаҷон, хола ё амма гӯянд, аз даҳони келини ман танҳо «бева» мебарояд. Ҷияни худам бошад ҳам, чунон гапҳое мезанад, ки ба такрор карданашон забони кас намегардад…

Кошкӣ хушдомани ганда мешудам…

-Сабаби шуморо ин қадар бад дидани келинатон дар чист? Шояд ба ҳар кораш эрод гирифта, нафрати ӯро меоред?

-Эй духтарҷон, агар хушдомани ганда мешудам ва мисли дигар модаршӯйҳо ба ҳар кори келин аралаш шуда, шӯр меандохтам, шояд аламам намекард, вале ман пишаки келинҳоямро пишт намегӯям. Худам гов меҷӯшам, хӯрок мепазам, либос мешӯям, хулоса тамоми кору бори хонаро саришта мекунам. Кори мекардаи келинҳоям танҳо хӯрок пухтан аст, вале ҳамонро ҳам напазанд, ҳеҷ гоҳ шиками фарзандону набераҳоямро гурусна намемонам.

Некӣ карда, шатта хӯрдам

-Гапатон аз рӯйи чӣ гурехт, ки келин шуморо чунин сиёҳу кабуд кард?

-Писарам бекор буд, чанд рӯз пеш бо кӯмаки ҷӯраҳояш дар сохтмон кор ёфт ва пеш аз рафтанаш ба наздам омада гуфт, ки очаҷон, ман ба кор мераваму нафақапулиатонро, ки гирифтед, барои бачаҳои ман ҳам хӯрока харед, чунки мо пуламонро дер мегирем. Сарашро сила карда гуфтам, ки бе гапи ту ҳам мехарам. Магар дили ман тоқат мекунад, ки мо дар ин ҷо мазза карда хӯрок хӯрему кӯдакони ту гурусна шинанд. Ҳамин тавр писарам рафту рӯзи дигар нафақаи худаму шавҳарамро гирифта ман ба бозор рафтам ва хӯрокворӣ харида овардам. Биринҷу равған ва картошкаю сабзии овардаамро баробар тақсим намуда, нисфашро ба келини калонию нисфашро ба келини хурдӣ фиристодам. Чанд дақиқа пас дар дасташ як бонка равған келин аз дари хонааш баромад. Хаёл кардам, ки аз ягон ҳамсоя равған қарз гирифта будаасту ҳамонро бар гардониданист, вале келин бонка дар даст ба назди ман омада, иллату ситезакунон равғанро сӯям ҳаво дод ва гапҳои пасту баланди бисёре зад. Азбаски намози шом буд, ҳамсояҳоро нороҳат кардан нахоста чизе нагуфтам. Келин ҳақораткунон баромада рафт. Рӯзи дигар ба маҷлиси падару модарон рафта қарибиҳои нисфирӯзӣ баргаштам, вале келин ҳамоно оташи ҷангро хомӯш накарда, худ ба худ ғур-ғур карда мегашт. Насиҳат кардам, ки гуфторашро бас кунад, ҳамсояҳо шунаванд, ба ҳоламон механданд, ки аммаю ҷиян соз намегиранд. Ба ҷойи бахшиш пурсидан ҷиян-келинам зарфи 5-литр равған доштаро ба сарам зад. Ҷонам тангӣ карду худро аз чанги ин Азроил халос карданӣ шуда, ӯро ба девор пахш намудам. Келин куртаамро дар танаам пора-пора карда чунон гапҳои қабеҳе гуфт, ки ба такрор карданаш забони мани сарсафед намегардад.

Одам бе сабаб ба ягон кас намечаспад. Келинатон дар дилаш ягон алам доштагист?

-Намедонам, чӣ алам дошт. Ту кай одам мешавию одамгариро ёд мегирӣ, охир одамон барои як сум ёфтан чӣ қадар заҳмат мекашанд, ту бошӣ ин қадар хариди маро зери по кардӣ гӯям, дод зад, ки ту пули шӯйи мана бе иҷозати ман сарф кардӣ. Гуфтам, ки пул пули шавҳари вай набуд, ман нафақаамро гирифта ба кӯдакони писаронам хӯрокворӣ харидам, вале бовар накарда ҳамоно «пули шӯйи ман аст» мегуфт. Дидам, ки бо вай баҳс кардан маънӣ надорад, гуфтам, ки пули шавҳари туро гирифта бошам, хуб кардам. Ман модар ҳастам ва ба пули писарам аз ту бештар ҳақ дорам. Ин гапро шунида бештар девона шуд ва таҳдид намуд, ки маро кордчашап карда мекушад.

Зӯрию пешхезӣ

-Ҳоло келинатон дар куҷост? Мо мехоҳем бо ӯ ҳам суҳбат намуда, сабаби моҷароро пурсем.

-Баъди маро зада сиёҳу кабуд кардан келин ҳақораткунон ба хонаи худаш рафт. Вақти ҷанҷоли мо шавҳарам дар хона набуд. Аз масҷид баргашта, вай маро бо сару рӯйи кафидаю варамкарда дида, талхакаф шуд ва чӣ ҳодиса рӯй доданашро пурсон гашт. Хоҳиш кардам, ки доруи дарди дилро диҳад, то дилкаф нашавам. Баъди дору хӯрдан ҳодисаро ба шавҳарам нақл кардам ва ба назди раиси маҳаллаю муллои деҳа рафтам, то омада келини муштзӯрамро насиҳат кунанд. Калонҳои деҳа омаданд, вале ӯро дар хонааш наёфтанд. Ба сари раиси маҳалла рафтани маро дида бачаҳояшро гирифта ба хонаи падараш  рафтааст. Хостам сари қаҳр ба милиса муроҷиат кунам, вале  калонҳо гуфтанд, ки саргардон нашавед, мо худамон ин масъаларо ҳал мекунем. Зӯрию пешхезӣ гуфтагӣ барин, келин пеш аз рафтанаш таҳдид кардааст, ки моро ба суд дода, хонаву дарро соҳиб мешавад, вале ин хобашро рафта ба об гӯяд.

Гуноҳатро намебахшам, Малоҳат!

Акнун чӣ кор карданиед?

-Гуноҳҳояшро то имрӯз ба хотири ҷиянам буданаш рӯйпӯш кардам, бас аст! Ман дигар ӯро на ба хотири хешу таборӣ ба хонаам роҳ медиҳам, на хотири фарзандонаш. Малоҳат маро бе ягон сабаб зада ба ин ҳол расонд, агар боз роҳаш диҳам, ин дафъа маро мекушад. Мардум маро ҳурмату эҳтиром мекарданд, апаҷон гуфта дар маъракаҳо ҷойи нишастамро намеёфтанд, вале дар пирӣ бо ҳамин сари сафедам аз рӯйи келини нобоб дар назди ҳаққу ҳамсояҳо сархаму шарманда шудам,-Холаи Кафтармоҳро ашк гулӯгир намуд ва оҳи сард кашида рӯяшро ҷониби девор гардонд, то оби дидагонашро аз мо пинҳон дорад, вале селоби ашк аз ҳоли зори дилаш гувоҳӣ медод…

Мор дар остин

Ин модари зори озордида оби дидагонашонро бо гӯшаи рӯймолаш пок намуда, нақлашро идома дод:

-Модари Малоҳат (келинаш) 18 -сол боз бемории руҳӣ дорад. Духтарак хору зор нашавад гуфта дар хурдияш худам ӯро ба хонаам оварда нигоҳубин кардам ва бо сад орзуву ҳавас ба писарам келин кардам, то ки ҷиянам дар пирӣ ғамхору такягоҳам шавад, аммо… Морбачаро дар остин парварида будаам, оқибат калон шуда диламро бераҳмона газид….

Раҳму инсоф куҷо шуд?

Соҳибхона ҷойи ҳодисаро ба мо нишон дод. Ҳама ҷо пур аз доғҳои равған буда, биринҷу шакари харидаи кампир дар фарши пешайвон рехта буд. Куртаи пора-пора шудаи апаи Кафтармоҳ касро ба андеша мебарад, ки чаро ҷавонҳо ин қадар золиму беандеша шуда бошанд. Наход одам ба сари модаршӯяш, ба сари зане, ки бар замми модари шавҳараш будан боз хеши наздик, хоҳари падараш аст, даст бардошта, нисбати ӯ чунин бераҳмӣ намояд?!

 

Маҳинаи Давлат

 

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *