Рӯҳияи зиддичинӣ
Тайи ду моҳи ахир дар Ҷумҳурии Қирғизистон як навъ рӯҳияи зиддичинӣ ба назар мерасад. Ин ҷараён ибтидо ба таври ниҳонӣ шурӯъ гардида, баъдан ошкоро сурат мегирад. Аммо мақомдорони қирғиз, аз ҷумла президенти ин кишвар Сооронбой Ҷээнбеков онҳоеро, ки мехоҳанд равобит бо Пекинро хароб кунанд, ба муҷозот хоҳанд кашид.
“Чин ҳамсояи мост. Гузаштагони мо гуфтаанд, ки бо ҳамсоя бояд муносибати хуб намуд. Онҳо ба мо маҳз ҳамин гуна муносибат мекунанд, бурсияҳо медиҳанд. Ҳар қадаре, ки зарур аст, қарз медиҳанд.»- гуфтааст Ҷээнбеков.
Сабаби асосии пайдо шудани рӯҳияи зиддичинӣ дар Қирғизистон нуфузи бештар пайдо кардани Хитой дар ин кишвар ва афзудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ мебошад. Аз моҳи декабри соли гузашта дар пойтахти Қирғизистон бори дувум аст, ки бо талаби ихроҷ кардани шаҳрвандони ғайриқонунии Чин аз ин кишвар тазоҳурот баргузор мешвад. Аслан сабаби чинҳаросӣ дар Осиёи Миёна рӯз аз рӯз афзоиш меёбад.
Гарчанде, ошкор набошад, ҳам дар Тоҷикитон низ чунин як рӯҳияи зиддичинӣ мавҷуд аст. Сабаби аслии ин ҷараён дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ворид шудани Хитой мебошад. Ҷараёни зиддичинӣ албатта дар кишвари мо ҳанӯз ҷанбаи сиёсӣ кашф накардааст, он аслан характери иҷтимоӣ дорад. Мисоли одӣ мардуми кишвар кӯшиш мекунанд, ки молу колои чинро камтар харидорӣ кунанд ва дар фикри мардум маҳсулоти чин зараррасон ва бесифат арзёбӣ мешавад.
Дигар ин ки айни замон даҳҳо гектар заминҳои корами Тоҷикистонро кишоварзони хитоӣ иҷора гирифта бозори маҳсулоти мор обо сабзавот пур мекунанд.
Мардуми кишвар аз ин норозӣ ҳастанд. Бархе мегӯянд, ки шаҳрвандони худи мо ниёз ба замин ва ҷойи кори холӣ доранд.
Қисмати дигар мегӯянд, ки чиниҳо заминро бо доруҳои ҳархела заҳролуд месозанд ва баъди рафтани онҳо заминҳо корношоям хоҳад шуд. Ҳамин гуна ҷараёни зиддичинӣ албатта дар Тоҷикистон ҳаст.
Ҳар вақте ки шаҳрванди Чин бо тоҷикистонӣ оиладор мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҷараёнро метавон мушоҳида кард.
… Аммо бо вуҷуди он ки мардуми Осиёи Марказӣ аз Чин ҳарос доранд, роҳбарони давлатҳо аз ба ҳеҷ ваҷҳ аз Чин ҷудо шуданӣ нестанд, зеро аз лиҳози иқтисодӣ ба ин кишвар вобастагии зиёд доранд.
Одил Нозир,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ