Рӯшон: Ҷанҷоли бадмаст бо куштор анҷомид

Бино ба маълумоти ВКД, аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон: марди 53-сола, ки пеш бо моддаи 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 46-сола, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, истиқоматкунандагони деҳаи Дерушонии ноҳияи Рушон ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон санаи 13-уми апрели соли 2018, тахминан соати 11.00-дақиқа, дар соҳили дарёи Панҷ, дар мавзеъи бошишгоҳи “Шоҳ-Носир”, воқеъ дар деҳаи Дерушонӣ, дар ҳолати мастӣ бо марди 43-солаи сокини деҳаи Рушон, ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо олоти кунд ба сару рӯяш задаанд.
Дар натиҷа, мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №5 аз 27-уми апрели соли 2018, номбурда зарари вазнин ба саломатиаш бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати гумонбарон бо моддаи 110 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *