Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Япония

5 апрели соли 2018 дар толори консертии Маркази маъмурии Минатои ш. Токио маросими бошукӯҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Япония ифтитоҳ гардид.

Дар ин бора Nazir Sharifi дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст:

Барномаи консертӣ бо сухани ифтитоҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ оғоз ёфта, зарурати ташкили чунин чорабиниҳо, ки ба мақсади густариши робитаҳои дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар тавассути мубодилаи фарҳангӣ ва шиносоии мардуми кишвари иқомат бо мероси фарҳангиву маънавии халқи тоҷик доир карда мешаванд, таъкид намуд.
Дар саҳнаи толори консертӣ суруду оҳангҳои гуногунжанр ва маъруфу машҳури тоҷикӣ шунида шуд. Аҳли толор бо қарсакзаниҳои самимиву бардавом ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик Сироҷиддин Ҷӯраев, Мадина Ақназарова ва Фирдавс Ҳошимовро пазируфтанд.
Ҳунарманди машҳур Сироҷиддин Ҷураевро зимни якчанд оҳангҳои гуногун дуторнавози японӣ хонум Машу Комазакӣ ҳамроҳ намуд.
Суруди машҳури халқии японӣ «Сакура-Сакура» дар иҷрои Мадина Ақназарова садо дод. Дар барномаи консертӣ ҳунарпешагони ансамбли рақсии «Гулистон»-и Япония низ ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар ростои ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли равон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо намоиши анъанаҳои миллии кишвар, буклету брошюраҳои иттилоотӣ дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва суннатҳои наврӯзӣ ташкил карда шуд. Намоиш диққати шумораи зиёди аҳли тамошобинонро ба худ ҷалб намуд. Чорабинӣ бо ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими ҳалқи тоҷик баргузор гардид.
Чорабиниҳои вобаста ба Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Япония то 7 апрел идома меёбанд.
Рӯзҳои фарҳангии кишвар дар Япония аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти консертии “Мин-Он”, Маркази маъмурии Минато, роҳбарони ширкатҳои японии «Cockey Co. Ltd», «Asia Engineering Consultant Co., Ltd» ва ансамбли японии рақсии «Гулистон» ташкил карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *