Рӯзҳои истироҳат ҳаво бебориш мешавад
Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, шабона +7+9, рӯзона +24+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрноки бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +13+15 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 11-13 ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона ба +10 +12 ва рӯзона ба +28+30 дараҷа мерасад.
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона +10+11 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ