Рӯзҳои истироҳат барф меборад
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки 26 ва 27 ноябр дар ҷумҳурӣ якбора тағйирёбии ҳаво дар назар аст. Дар ин рӯзҳо боридани борон, барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони шиддатнок пешгӯӣ гардида, ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад.
Пагоҳ, 25 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба ғайр аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазиши шамол шиддат гирифта, аз самти ғарб то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 24 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ дар як сония 4-9 метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ