Рӯзҳои истироҳат боронҳои кӯтоҳмуддат меборад

Рӯзҳои истироҳатӣ дар  Тоҷикистон ҳавои ноустувори тағйирёбанда ва боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, дар бештари минтақаҳо дар баландиҳои 3000 метр боридани барф ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Чуноне аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳароратро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа расида, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ шуда, шабона дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят ҳарорат паст шуда, 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои ноустуворро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят тағйирёбандаи абрӣ гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои 3000 м боридани барф пешгӯӣ мешавад. Вазиши шамол аз самти шимолу ғарб ба 4-9 метр дар як сония расида, дар водиҳо ҳарорат ба 11-16 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи ноустувор шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Дар баландиҳои 3000 м боридани барф, дар водиҳо пастшавии ҳарорати рӯзона ба назар расида, ба 16-21 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва беборишро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат паст мешавад. Шабона 6-8  ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *