Рӯзҳои истироҳат моро ҳавои номусоидинтизор интизор аст
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боридани борон ва дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст.
Имрӯз, 7 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани чангу ғубор пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шабона дар водиҳо 9-14 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона борон меборад. Ҳарорат шабона 10-12 ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ