Рӯзаи бемор қабул аст?
Одамоне, ки бемор ҳастанд, агар худро маҷбур карда рӯза бигиранд, раво аст?
Давлатмурод, н. Варзоб.
Посух:
Пайғамбари Худо (с) мефармояд, ки «шумо рӯза бидоред, то сиҳатманд шавед». Аз ин бармеояд, ки ҳикмати рӯза доштан дар солим гаштани ҷисму ҷони инсон аст. Рӯзадорӣ, агар боиси авҷ гирифтани бемориашон нагардад, метавонанд рӯзаи моҳи шарифи рамазонро бидоранд, вале агар рӯза ҳолашонро табоҳ мекарда бошад, беҳтараш надоранд, чунки беморон узр доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ