Рӯзи  байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Имрӯз, 1 июн дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи  байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардид.

Дар Ҷумҳурии Точикистон, ки қишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ин рӯз дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» таҷлил гардида, дар саросари мамлакат барномаҳои мухталиф баргузор мегарданд. Аз ҷумла, имрӯз дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон як зумра барномаҳои маърифативу фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *